Январ 07, 2022 18:47 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 19 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар кишвар хабар дод.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъаи 7 декабр эълом кард, дар 24 соати гузашта 19 бемори "Ковид - 19" фавт карданд, ки маҷмӯи фавтиҳо ба 131 ҳазору 821 нафар расид.

Бар асоси омори Вазорати беҳдошт, пас аз 22 моҳ теъдоди маргу мири рӯзона ба камтар аз 20 нафар расид.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард, аз дируз то имрӯз ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, як ҳазору 178 бемори ҷадиди мубтало ба "Ковид - 19" дар кишвар шиносоӣ шуд, ки маҷмӯи беморон ба 6 миллиону 204 ҳазору 224 нафар расид.

Бар асоси ин гузориш, 6 миллиону 48 ҳазору 957 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо дар Эрон тархис шудаанд.

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гузориш дод, дар шабонарӯзи гузашта 155 ҳазору 180 доза воксани корона дар Эрон тазриқ шудааст.

Маҷмӯи воксанҳои тазриқшуда дар Эрон ба 121 миллиону 982 ҳазору 424 доза расидааст.

Вазорати беҳдошт гузориш дод, дар шабонарӯзи гузашта дар 22 устони Эрон ҳеҷ мавриде аз маргу мири беморони коронаӣ сабт нашуда ва дар 4 устон низ фақат як мавриди фавт гузориш шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп