Январ 07, 2022 19:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи се тими эронӣ аз Лигаи қаҳрамонони Осиё

Конфедератсияи футболи Осиё се намояндаи Эрон (Истиқлол, Персполис ва Гулгуҳар) дар Лигаи қаҳрамонони Осиёро ба сурати қатъӣ аз ширкат дар ин мусобиқот маҳрум кард.

Сайти Конфедератсияи футболи Осиё бо интишори баёнияе аз қатъӣ шудани маҳрумияти се бошгоҳи Истиқлол, Персполис ва Гулгуҳари Сирҷон аз Лигаи қаҳрамонони Осиё - 2022 хабар дод.

Дар баёнияи AFC омадааст: Кумитаи мустақили контроли Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифтааст се бошгоҳи Персполис, Истиқлол ва Гулгуҳари Сирҷон (ҳар се бошгоҳ аз Эрон) -ро ба далели надоштани муҷаввизи ҳирфаӣ мутобиқи бандҳои 14. 4 ва 14. 5 асосномаи судури муҷаввизи ҳирфаӣ барои бошгоҳҳо, аз ҳузур дар мусобиқоти 2022 Лигаи қаҳрамонони Осиё маҳрум кунад.

Кумитаи мустақили контроли AFC эълом карда, ки ин се бошгоҳ натавонистаанд меъёрҳои зарурӣ (мутобиқи бандҳои 3. 1 ва 3. 2 асосномаи судури муҷаввиз барои бошгоҳ дар AFC) -ро фароҳам кунанду мутобиқи он набояд иҷозаи вуруд ба Лигаи қаҳрамонони Осиё дар соли 2022-ро дошта бошанд.

Бо ҳазфи Истиқлол ва Персполис, танҳо Сипоҳони Исфаҳон ва Фӯлоди Хузистон намояндагони Эрон дар Лигаи қаҳрамонони Осиё 2022 хоҳанд буд.

Фӯлод қаҳрамони ҷоми ҳазфӣ аст ва Сипоҳон низ дар Лигаи гузашта муваффақ ба касби рутбаи дувум, баъд аз Персполис шуда буд.

 

Барчасп