Январ 09, 2022 10:43 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати солрӯзи қиёми 19 дай ; имрӯз

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар солрӯзи қиёми 19 даи мардуми Қум зидди режими ситамшоҳӣ ба сурати телевизиюнӣ суханронӣ хоҳанд кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, суханронии ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз ( якшанбе ) ба сурати зинда аз шабакаҳои телевизиюнии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумла хабаргузории " Эронпресс " пахш хоҳад шуд .
Суханронии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар солрӯзи қиёми 19 дай ҳар сол бо ҳузури ҳазорон нафар аз мардуми Қум дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ баргузор мешуд, ки имсол низ ба иллати шуюъи вирӯси корона бидуни ҳузури ҷамъият ва ба сурати телевизиюнӣ анҷом хоҳад шуд .
19 даи 1356 ( 9 январи 1978 ) мардум, мударрисон ва туллоби ҳавзаи илмияи Қум ( ҷануби Теҳрон ) дар эътироз ба иҳонати режими паҳлавӣ ба шахсияти ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ )- бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон тазоҳурот карданд, ки авомили амниятии режими паҳлавӣ теъдоди зиёде аз муътаризонро ба хоку хун кашонданд .

 

Барчасп