Мавориди ихтилоф дар музокироти рафъи таҳримҳо рӯ ба коҳиш аст
(last modified Sun, 09 Jan 2022 12:35:36 GMT )
Январ 09, 2022 17:35 Asia/Dushanbe
  • Мавориди ихтилоф дар музокироти рафъи таҳримҳо рӯ ба коҳиш аст

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон аз коҳиши мавориди ихтилоф дар музокироти Вена бо меҳварияти рафъи таҳримҳои золимонаву ғайриқонӯнии зидди Эрон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Боқирӣ дар поёни ҷаласоти мутаъаддид бо намояндагони гуруҳи 4+1 хотирнишон кард мавориди ихтилофи мавсӯм ба баҳсҳои боз рӯ ба коҳиш аст .

Михаил Улянов-намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена ахиран эълом кард на танҳо Русия, балки соири тарафҳо ҳам изъон доранд, ки гуфтугуҳо дар ҳоли пешрафт аст .
Ҳаштумин давр аз гуфтугуҳои Вена бо меҳварияти рафъи таҳримҳои золимонаву ғайриқонӯнии зидди Эрон аз душанбеи 27 декабри 2021 бо баргузории нишасти камиссиюни муштараки Барҷом ба раёсати Алии Боқирӣ-музокиракунанда аршади Ҷумҳурии исломии Эрон ва Энрике Мора-муовини дабири кулли бахши иқдоми хориҷии Иттиҳодияи Аврупо оғоз шудааст .

Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони кишвари масъӯлиятпазир борҳо эълом кардааст бо тавваҷуҳ ба инки Амрико тарафе буда, ки тавофуқи Барҷомро поймол карда ин Вашингтон аст, ки бояд бо рафъи таҳримҳо ба тавофуқ бозгардад ва лозим аст иҷрои таъаҳҳудоти Амрико мавриди ростиозмоӣ қарор гирад .