Январ 09, 2022 19:04 Asia/Dushanbe
  • Равобити иқтисодии Эрон бо кишварҳои минтақа афзоиш ёфта аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Равобити иқтисодии Эрон бо кишварҳои минтақа афзоиш ёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи итилоърасонии раёсати ҷумҳур, Сайид Иборҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Эрон дар ҷаласаи маҷлиси Шурои Исломии Эрон гуфт: Равобити иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа то 3 баробар дар  ин 3 моҳ афзиш пайдо карда аст.

  • Раисӣ афзуд, тавозун дар сиёсатҳои хориҷӣ ваъда дода шуда буд ва дар ҳоли анҷом аст.
  • Раиси Ҷумҳурии Эрон, ҳамчунин гуфт: Беасар кардани таҳримҳо муҳимтарин масъалае буд, ки давлат дунбол кард ва масъалаи дуввум рафъи таҳримҳо будааст.
  • Раисӣ хотирнишон кард: Эътимоди мардум ба давлат масъалаи муҳими дигаре аст, ки бо он мушкилоти зиёдеро пушти сар гузоштем.
  • Раиси ҷумҳур афзуд: Имрӯз ҳамгароӣ байни маҷлис ва давлат зарурӣ аст.

Раиси Ҷумҳурии Эрон таъкид кард: Ҳадафгирии давлат рушди 8 дарсадии иқтисодӣ аст ва умедворем, ки ба ин масир бирасем.

 

Барчасп