Ноябр 15, 2016 19:15 Asia/Dushanbe
  • Эрон куштори азодорони Ҳусайнӣ дар Нигерияро маҳкум кард

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон, ҳамла ба азодорони Ҳусайнӣ дар Нигерия ва куштори ононро маҳкум кард.

Ба иттилои идораи кулли дипломатии расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ гуфт: Такрори саҳнаи куштори бераҳмонаи мусалмонон дар як иҷтимои мазҳабии мусолиматомез ва бидуни ҳаргуна таҳдид ва хушунат, нигаронкунанда ва нопазируфтанӣ аст.

Қосимӣ, ҳушёрии мақомоти Нигерияро дар муқобили авомили хушунат ва тафриқа ва низ иқдомоти ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҷиноётеро хостор шуд.

Дар ҳамлаи артиш ва нерӯҳои амниятии Нигерия ба маросими азодории Ҳусайнӣ дар шаҳри Кано дар шимоли шарқи ин кишвар, дастикам 48 нафар шаҳид ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Низомиёни Нигерия моҳи гузашта низ бо ҳамла ба маросими Ошӯрои Ҳусайнӣ дар шаҳри Фонтуво дастикам 20 нафарро шаҳид ва шумореро захмӣ карданд.

 

Барчасп