Январ 10, 2022 15:01 Asia/Dushanbe
  • Зоҳидӣ: Эрон аз аввалин кишварҳое аст, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт
    Зоҳидӣ: Эрон аз аввалин кишварҳое аст, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бар густариши ҳамкории Теҳрон ва Душанбе дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.

Ба гузориши рӯзи душанбеи “Эрон Пресс”, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон дар ҳамоиши «Чашмандози равобити Тоҷикистон ва Эрон», ки ба муносибати 30 солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар баргузор шуд, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз аввалин кишварҳое аст, ки истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва дар 9 январи соли 1992 равобити дипломатӣ байни ду кишвар барқарор шуд.

Вай ба намунаҳои муваффақи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди нақби “Истиқлол”, нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда – 2” ишора кард ва афзуд, идомаи ҳамкории иқтисодиву тиҷорӣ миёни ду кишвар имрӯз яке аз муҳимтарин аҳдоф дар барномаи равобити дуҷониба маҳсуб мешавад.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай изҳор дошт: Тоҷикистон аз узвияти комили Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят кард, зеро узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ба нафъи ин созмон ва ҳамаи кишварҳои шомили он хоҳад буд.

 

Бештар бихонед: