Нақши муҳими Эрон ва Тоҷикистон дар амалиёти шудани мувофиқатномаи тиҷории ЭКО
Дабири кулли Созмони ҳамкори иқтисодӣ "ЭКО" нақши Эрон ва Тоҷикистон дар амалиётӣ шудани мувофиқатномаи тиҷории ЭКО ва афзоиши тиҷорати дарунминтақаро муҳим донист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хусрав Нозирӣ дар ҳамоиши "Чашмандози равобити Тоҷикистон ва Эрон", ки ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотӣ миёни ду кишвар дар Теҳрон баргузор шуд, гуфт: Ҳарчанд равобити дипломотии Эрон ва Тоҷикистон 30 сол умр дорад, вале фарҳанг, забон ва мероси муштараки Тоҷикистон ва эрониён ба умқи таърих бар мегардад, ки пояҳои маҳкаме барои ҳамкориҳои судманд дар арсаҳои гуногун фароҳам мекунад.
- Нозирӣ афзуд: Созмони ҳамкори иқтисодӣ "ЭКО" барои Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони аъзои ин созмон аҳамияти фаровон қоил аст ва аз нақши боризи ин ду кишвар барои густариши ҳамкории минтақаӣ дар ҳамаи арсаҳо авлавият дорад, аз қабили тиҷорат ва иртиботот, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва саноъат, энержӣ, маъданҳо ва муҳити зист, гардишгарӣ, тавсеъаи пойдор ва захираҳои башарӣ қадрдонӣ мекунад.
- Дабири кулли Созмони иқтисодӣ "ЭКО" тасреҳ кард: Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар миёни аъзои ин созмон бахши ҷудоинопазири дастури кори ЭКО бари расидан ба тавсеъаи пойдор аст. Дар ин росто дабирхонаи ЭКО гомҳои таъсиргузорро ба сӯи афзоиши ҳамкорӣ дар миёни кишварҳои узв аз тариқи чаҳорчубҳои кунунӣ бардошта аст.
Созмони ҳамкори иқтисодӣ "ЭКО" ("Economic Cooperation Organization")- созмони минтақаӣ аст, ки дар соли 1985 аз сӯи Эрон, Покистон ва Туркия бо ҳадафи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв таъсис шуд. Эрон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Тукрманистон ва Узбакистон 10 кишвари узви Созмони ҳамкори иқтисодӣ "ECO" ҳастанд.