Генерал Саломӣ: Амрико дар минтақаи ғарби Осиё ҷое надорад
Январ 11, 2022 10:58 Asia/Dushanbe
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, амрикоеиҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки бақои онҳо дар минтақаи ғарби Осиё, ба таҳаммули хисоратҳои бештар мунҷар хоҳад шуд.
Генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Ал Маёдин” дар вокуниш ба ҳушдори Вашингтон ба Теҳрон дар бораи посухи эҳтимолӣ ба террори муҷримонаи шаҳид Сулаймонӣ таъкид кард, Эрон тибқи дастӯроти Кохи Сафед амал намекунад.
- Генерал Саломӣ афзуд, ҷои амрикоиҳо дар минтақаи мо нест, амрикоиҳо бояд дар сарзамини Амрико бошанд ва набояд дар Ироқ, Афғонистон, Баҳрайн, Кувайт ва Сурия ҳузур дошта бошанд.
- Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон ҳамчунин таъкид кард, мусулмонон ба амрикоиҳо иҷоза намедиҳанд сарзаминашонро ишғол кунанд.
Барчасп