Чин: Эрон дар музокироти Вена бисёр созанда амал мекунад
(last modified Tue, 11 Jan 2022 10:59:15 GMT )
Январ 11, 2022 15:59 Asia/Dushanbe
  • Чин: Эрон дар музокироти Вена бисёр созанда амал мекунад

Музокиракунандаи аршади Чин душанбешаб пас аз дидор бо Алии Боқирӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчӯби ҳаштумин даври музокироти рафъи таҳримҳо дар Вена, гуфт, Эрон бо ироаи тарҳҳои тоза ва ҷомеъ нақши бисёр созандаеро дар гуфтугӯҳо ифо мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Вонг Куон, намояндаи доими Чин дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни инки Чин ва Эрон гуфтугӯҳои доимиро дар ҷараёни музокирот доранд ва ду тараф дар бораи тамоми масоили музокиротӣ табодули назар мекунанд, тасреҳ кард, Чин қавиян аз хостаҳои мантиқии Эрон дар мавриди масоили ҳастаӣ ҳимоят мекунад.

Вай афзуд, Пекин ба ҳимоят аз Эрон барои истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ идома хоҳад дод.

Музокироти Вена рӯзи душанбе дар қолаби ҷаласоти дуҷониба ва чандҷониба миёни намояндагони кишварҳои мушорикаткунанда дар гуфтугӯҳо идома ёфт.

Бештар бихонед: