Январ 12, 2022 10:03 Asia/Dushanbe
  • Ҷумҳурии исломии Эрон аз бардошта шудани маҳдудияти сафар ба кишварҳои ҳамсоя хабар дод
    Ҷумҳурии исломии Эрон аз бардошта шудани маҳдудияти сафар ба кишварҳои ҳамсоя хабар дод

Вазири кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон аз бардошта шудани маҳдудияти сафар ба кишварҳои ҳамсоя хабар дод.

Аҳмади Ваҳидӣ гуфт, маҳдудият бо кишварҳои ҳамсоя ба ҳолати қабл баргаштааст ва афрод бо доштани тестҳои PCR (Ковид -19) –и манфӣ метавонанд вориди Эрон шаванд.

Вазири кишвари Эрон бо баёни ин ки маҳдудияти тараддуд ба кишварҳои ҳамсоя низ ҳазф шудааст, афзуд: Барои мусофирони бархе кишварҳо, ки аз тариқи марзи ҳавоӣ вориди кишвар мешуданд ва беморӣ дар он кишварҳо контрол шуда буд, маҳдудиятҳои сафар бардошта шудааст, аммо маҳдудиятҳои кишварҳои аврупоӣ монанди Фаронса ва Британия ҳамчунон барқарор аст.

Вазири кишвари Эрон афзуд, маҳдудиятҳои дигар кишварҳо дар ҳоли баррасӣ аст ва албатта кишварҳое, ки афзоиши густариши вируси навъи Омикрон дар онҳо рӯй бидиҳад, мумкин аст маҳдудиятҳояшон афзуда шавад.

Ваҳидӣ хотирнишон кард, тараддуд дар марзҳои заминӣ танҳо бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ, тазриқи воксан ва доштани тести PCR –и манфӣ имконпазир аст.

 

Барчасп