Январ 13, 2022 13:43 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти додситонҳои кулли Эрон ва Тоҷикистон

Додситони кулли Эрон ва Тоҷикистон бо ҳам дидор ва дар бораи мавзуоти мавриди алоқаи дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ дар дидор бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, бар лузуми ҳамкории мунсаҷим миёни дастгоҳҳои додситонии ду кишвар дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, иртиқои ҳамкории ду тараф дар парвандаҳои маданӣ, кайфарӣ ва тиҷорӣ аз тариқи мувофиқатномаи ҳамкории қазоии дуҷониба дар заминаи масоили ҳуқуқи башарӣ таъкид кард.

Додситони кулли Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар садри ҳайате ба Русия сафар кардааст, дар дидор бо Игор Краснов, додситони кулли Русия низ густариши ҳамкориҳои қазоӣ миёни ду кишварро хостор шуд.

Додситони кулли Эрон барои ширкат дар маросими бузургдошти сесадумин соли ташкили додситонии Русия ба Маскав сафар кардааст.

 

 

 

 

Барчасп