Январ 13, 2022 16:29 Asia/Dushanbe
  • Размоиши “Муҳаммад Расулуллоҳ” дар минтақаи ҷануби шарқи Эрон

Бузургтарин размоиши муштарак ва таркибии қароргоҳи Қудси неруии заминии Сипоҳ бо унвони “Муҳаммад Расулуллоҳ” дар минтақаи ҷануби шарқи кишвар баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, фармондеҳи неруии заминии Сипоҳ гуфт : Ин размоиш бо меҳварияти ҷуғрофиёӣ ва амалиётӣ тавассути қароргоҳи Қудс дар устони Систону Балучистон ба сурати таркибӣ дар ду бахши бузурги размии низомӣ, мардумёрӣ ва ғайринизомӣ баргузор шуд .

Сардор Покпур афзуд : Дар размоиш қисмҳои гуногуни амалиётии қароргоҳи Қудси неруи заминии Сипоҳ, иборат аз мушакӣ, тупхона, паҳподӣ, болгардӣ, зиреҳӣ, тахрибу инфиҷорот, неруҳои махсӯс ва воҳидҳои тахассусӣ - размии қароргоҳи Қудс кулияи шароити шабеҳсозишуда даргириҳову амалиётҳои воқеиро бо муваффақияти комил иҷро карданд.
Вай идома дод : Дидору гуфтугӯ бо сарони тоифаҳои устон, тақсими садҳо намуд колои асосӣ ва ҷаҳизия, тақсими ҳазорон бастаи кумаки маъишатӣ, фарҳангӣ,варзишӣ, ҳузури фармондеҳон дар мадорис, таҷаммуъи густардаи басиҷиёни устон ва ҳамчунин иҷрои фаъолиятҳои умронӣ ва хадамотӣ аз ҷумлаи муҳимтарин барномаҳои анҷомшуда дар бахши ғайринизомӣ ва мардумёрии ин размоиш аст

 

Барчасп