Январ 15, 2022 12:13 Asia/Dushanbe
  • Ду тараф дар ин сафар тавофуқ кардем,ки рӯзи ҷумъа (14 январ) ро шурӯъи иҷрои тавофуқи ҷомеъаи ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар элом кунем.
    Ду тараф дар ин сафар тавофуқ кардем,ки рӯзи ҷумъа (14 январ) ро шурӯъи иҷрои тавофуқи ҷомеъаи ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар элом кунем.

" Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён" вазири умури хориҷаи Эрон ,ки ба даъвати расмии " Ванг Йи" вазири умури хориҷаи Чин дар садри ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ , ба Пекан сафар карда буд ,рӯзи ҷумъа дар поёни ин сафар дар твитер навишт: Ду тараф дар ин сафар тавофуқ кардем,ки рӯзи ҷумъа (14 январ) -ро шурӯъи иҷрои тавофуқи ҷомеъи ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар элом кунем.

Ин сафар бо таваҷҷуҳ ба меҳварҳои музокирот дар Пекин ва тавофуқоти Эрон ва Чин аз ду ҷанба ҳоъизи аҳамият аст:

Ҷанбаи нахуст, сатҳи олӣ дар равобити иқтисодии Эрон ва Чин аст, ки дар чорчӯби Санади ҷомеъи ҳамкориҳо аз аҳамияти роҳбурдӣ бархурдор аст.

Равобити Эрон ва Чин чандлоя ва амиқ ва дорои абъоди мухталиф аст. Санади ҷомеъи ҳамкориҳои Эрон ва Чин дар  ҷиҳати нақшаи роҳ комил аст. Дар ин Санад ба абъоди иқтисодӣ ,ки меҳвари аслии Санад аст, дар ҳавзаҳои мухталиф ва мушорикати Эрон дар ояндаи камарбандии роҳи Чин таваҷҷуҳи вижа шудааст. Эрон ҳалқаи иртибот миёни дарёи Хазар ва Халиҷи Форс ва дарёи Умон аст. Ин мавқеъияти мумтоз, мушорикат дар барномаҳои миёнмуддат ва баландмуддати иқтисодии Эронро барои сармоягузорони хориҷӣ аз ҷумла Чин ҷаззоб ва пурангеза кардааст.

Ҷанбаи дуввуми аҳамияти ин сафар, вуҷуди сатҳи олӣ аз ҳамкорӣ дар муносиботи сиёсии Теҳрон ва Пекин аст. Эрон ва Чин ба унвони ду кишвари муҳим ва таъсиргузор дар низоми байналмиллалӣ , манофеъ ва аҳдофи муштараке барои густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаи мухталиф ва ҳифзи субот ва аҳамияти минтақаӣ доранд ва мухолифи якҷонибагароӣ ҳастанад..Барои ин мабно мавзӯъоти муҳими дар дастур кори дипломотии ду кишвар дар сатҳи минтақаи ва байналмиллалӣ қарор дорад.

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа пас аз дидор бо Ванг Йи, мушовири давлатӣ ва вазири  умури хориҷаи Чин ,эълом кард, Теҳрон ва Пекин дар  бисёре аз заминаҳои густардае аз мавзӯъот аз ҷумла барномаи ҳамкориҳои ҷомеъ ва машваратҳо дар мавриди музокироти Вена ба иҷмоъи муҳиме даст ёфтаанд.

Ин сатҳ  аз робита дар воқеъ бар ояндаи эътимоди мутақобил дар таъомулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ аст ,ки ба ду далел қобилияти рушд ва тасеъаи дорад:

Далели нахуст, зарурати истифодаи ҳушмандона аз зарфиятҳо ва табдили таҳдидҳо  ба фурсат барои эҷоди робитаи чандҷониба аст. Таҷриба нишон медиҳад такя кардан ба як ё ду қутби иқтисодӣ, дар баланд муддат мунҷар ба вобастагии иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва осебпазирӣ дар муқобили навсонҳои сиёсӣ ва ё иқтисодӣ хоҳад шуд.

Далели дуввум, зарурати афзоишҳои қудрати манёврҳои сиёсии ҳампои афзоиши саҳми иқтисоди дар равобит бо кишварҳо дар арсаи байналмиллалӣ ва ба вижа дар сиёсатӣ  "нигоҳ ба Шарқ" дар ростои мувозинасозӣ дар равобити сиёси аст.

"Зуҳра Илоҳиён" узви комисиюни амнияти миллӣ ва сиёсатӣ хориҷии маҷлиси шӯрои Исломии Эрон дар таҳлили аҳамияти равобитӣ Эрон ва Чин мегӯяд: Ҷумҳурии Исломӣ ниёз ба таъомул ва равобит бо ҳамаи зарфиятҳои байналмиллалӣ ва тавозун дар сиёсати хориҷӣ дорад, ки ин сиёсат аз суйи давлати Эрон дунбол мешавад.

Илоҳиён тасреҳ мекунад,зарфияти болои иқтисодии Чин дар арсаи ҷаҳон таъин шудааст ва таъомул бо ин кишвар метавонад бисёре аз мавзӯъоти муртабит бо таҳримҳои якҷонибаи Амрикоро камранг ва хунсо кунад.

Натиҷаи минтақаии ин руйкард ,афзоиши қудрати муқобил бо таҳдидҳои сиёсӣ иқтисодӣ ва ҳифзи манофеъи роҳбурдӣ дар равобити хориҷӣ аст.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, тавсеъаи ҳамкорӣ бо кишварҳои бузурги Осиёӣ назири Чин ба эҷоди заминаҳо ва фурсатҳои ҷадид барои сармоягузорӣ дар зерсохтҳо аз ҷумла,нафт ва газ ,бандарҳо, ҳамлу нақли табодули фановариҳои навин  дар канори баҳрагирӣ аз таъомулоти сиёсии қавӣ мунҷар хоҳад шуд. Зимни он ки Эрон дар арсаи дипломотӣ нишон додааст, ки ҳамаи роҳҳо лузуман ба Вашингтон ва музокироти" Вена" хатм хоҳад шуд.

Эрон ва Чин бо ин руйкард равобити худро дар се сатҳи калон "сиёсӣ-иқтисодӣ" "амниятӣ дифоъӣ" ва "геополитикӣ -статегӣ  "густариш додаанд ва иҷроӣ шудани санади роҳбурдии 25 сола гоми муҳиме дар ҷиҳати такмили ин раванд аст.

 

Бештар бихонед: