Кӯмаки Эрон барои таъмини сӯхти зимистонии ниёзмандони афғон
Кӯмакҳои башардустонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои мардуми ниёзманди Афғонистон ҳамчунон идома дорад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ду рӯзи гузашта миёни теъдоде аз хонаводаҳои ниёзманд дар Кобул пойтахти Афғонистон кӯмакҳое дар заминаи таъмини сухти зимистона ба арзиши ҳар хонавода 20 доллар ангишт ва чуб тақсим карда аст.
Ангишт ва чуб байни 500 хонаводаи ниёзманди афғонистонӣ дар Кобул пахш шуда аст ва барномаи мушобеҳ ва кӯмак ба таъмини сухти зимистона барои ниёзмандон дар шаҳри Мазори Шариф ва дигар минтақаҳои Афғонистон дар барномаи Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад.
Пеш аз ин кӯмакҳои маводи ғизоӣ шомили орд, биринҷ, шакар ва ҳамчунин кӯмакҳои доруии Эрон дар қолаби маҳмулаҳои мухталиф байни ниёзмандон дар Афғонистон тақсим шудааст.
Ба гуфтаи Сайдҳасани Муртазавӣ, муовини сафири Эрон дар Афғонистон, бар асоси фармоишоти Раҳбари Муъаззами Инқилоби Исломӣ ирсоли кӯмакҳои мардуми Эрон барои мардуми Афғонистон ба вижа дар фасли зимистон идома хоҳад дошт.