Твиттер ҳисоби корбарии Раҳбари муаззами инқилобро баст
(last modified Sun, 16 Jan 2022 05:25:17 GMT )
Январ 16, 2022 10:25 Asia/Dushanbe
  • Твиттер ҳисоби корбарии Раҳбари муаззами инқилобро баст

Шабакаи иҷтимоии Твиттер бо поймолсозии озодии баён ҳисоби корбарии Раҳбари муаззами инқилоби исломиро баст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, шабакаи иҷтимои Твиттер баҳонаи ин иқдоми худро интишори пуёнамое дар ҳисоби твиттерии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои интиқом аз Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии пешини Амрико  эълом кардааст.
Пуёнамои « Интиқом ҳатмӣ аст » яке аз осори баргузидаи ирсолӣ дар « пӯиши қаҳрамон » аст, ки ба интиқом аз қотилону омирони шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ мепардозад.
Ҳамчунин кишварҳои ғарбӣ, ки маъмулан иддаои озодии баён доранд, дар иқдоме ҳамзамон бо дуюмин солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ шарҳҳои муртабит бо ин шаҳид ва ба таври хос шарҳҳоеро, ки дар Инстаграм бо ҳаштаги Hero ( қаҳрамон ) мунташир мешуд, пок карданд .
Сардори сипаҳбад ҳоҷи Қосими Сулаймонӣбумаҳдӣ Алмуҳандис-муовини созмони басиҷи мардумии Ироқ-" Ҳашдуш-шаъби " ва теъдодӣ аз ҳамроҳонашон бомдоди ҷумъаи сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавои неруҳои мутаҷовизу террористи Амрико наздики фурудгоҳи Бағдод-пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.