Январ 16, 2022 15:42 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши давандагони Эрон дар мусобиқоти байналмиллалии Туркия

Давандагони эронӣ бо ширкат дар мусобиқоти байналмиллалии Туркия чаҳор унвони нахуст ва як мақоми сеюмиро касб карданд.

Дар рақобатҳои байналмиллалии дав ва майдонии дохили салони Туркия Саҷҷоди Ҳошимӣ, давандаи эронӣ муваффақ шуд бо сабти ҳадди нисоби 47,23 дар ҷойгоҳи нахусти рақобати модаи 400 метрии ин мусобиқот қарор гирад.
Милоди Носеҳи Ҷаҳонӣ-дигар даванда аз Эрон буд, ки муваффақ шуд дар рақобати модаи 400 метр ҳузур ёбад ва бо сабти замони 48.46 унвони сеюмии ин мусобиқотро аз они худ кунад .
Дар рақобати модаи 60 метр низ Ризои Қосимӣ бо сабти ҳадди нисоби 6.81 сония дар ҷойгоҳи нахусти ин мода қарор гирифт .
Ҳамчунин дар рақобати модаи 400 метрӣ бонувон Марями Муҳиббӣ бо сабти ҳадди нисоби 57.17 сония зӯдтар аз дигар рақибон аз хатти поён гузашт ва унвони қаҳрамониро ба даст оварад .
Амири Муродӣ-нойиби қаҳрамони бозиҳои Осиёии Ҷакарта низ муваффақ шуд дар рақобати модаи 1500 метр бо сабти замони 3 : 52:66 дақиқа дар ҷойгоҳи нахусти ин мусобиқот қарор бигирад.

 

Барчасп