Бузургдошти бозигари тоҷикистонии сириали эронии «Дар чашми бод» баргузор мешавад
Маросими нахустин солгард даргузашти бозигари тоҷики сериали эронӣ дар Муассисаи фарҳангии ЭКО баргузор мешавад.
Маросими нахустин солгард даргузашти Ҳабибуллоҳ Абдураззоқ ба ҳиммати Масъуди Ҷаъфарии Ҷузонӣ, коргардони сериали “Дар чашми бод” асри панҷшанбеи 7 баҳман дар Муассисаи фарҳангии ЭКО баргузор мешавад.
Дар ин маросим намоишгоҳи аксу филми мустанаде аз зиндагӣ ва пушти саҳнаҳои он ҳунарманди тоҷик ҳам намоиш дода мешавад.
Марҳум Ҳабибуллоҳ Абдураззоқ 7 ноябри 1937 дар Кӯлоби Тоҷикистон мутаваллид ва дар соли 1964, пас аз гузаронидани давраҳои коргардонӣ аз Донишкадаи давлатии фарҳангу ҳунари Маскав фориғуттаҳсил шуд.
Ин ҳунарманд дар Театри марказии мусиқӣ ва комедии шаҳри Хуҷанд, Театри намоишии академикии давлатӣ ва Театри ҷавонони шаҳри Душанбе фаъолият кард ва дар солҳои 1987 - 1990 мелодӣ раёсати Иттиҳодияи коргардонони Театри Тоҷикистон ва ҳамзамон муовинати Иттиҳоди коргардонони Театри Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравиро бар уҳда гирифт.
Зиндаёд Абдураззоқ дар соли 2002 аввалин маркази театри ғайридавлатии Тоҷикистон бо номи "Падида" -ро бунёд ниҳод.
Вай илова бар бозӣ дар филмҳои синамоӣ ва телевизионӣ беш аз 30 намоишномаи театрро низ коргардонӣ карда ва ҳамчунин ба далели алоқаи хос ба Эрон ва шахсиятҳои машҳури ҳунарӣ ва адабии ин сарзамин, дар теъдоде аз осори намоишии эронӣ, аз ҷумла сериали “Дар чашми бод” ва “Шукрона” ҳузур пайдо кард.
Ҳабибуллоҳ Абдураззоқ сешанбеи 30 дайи 1399 дар синни 84 солагӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон даргузашт.