Интизори сармураббии Персполис барои истифода аз бозикунони тоҷик
(last modified Mon, 17 Jan 2022 08:24:35 GMT )
Январ 17, 2022 13:24 Asia/Dushanbe
  • Интизори сармураббии Персполис барои истифода аз бозикунони тоҷик

Сармураббии тими Персполис мунтазир аст то битавонад аз бозигарони тоҷики худ рӯнамоӣ кунад.

Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳаннонов, ду бозикуни тоҷикистонии тими футболи Персполис бо вуҷуди дарёфти корти бозии худ ҳамчунон наметавонанд дар дидорҳои расмии сурхпӯшони пойтахт ба майдон бираванд.

Созмони Лигаи бартари футбол дар ҳоле корти бозии онҳоро содир кардааст, ки сурхпӯшон ба далели пардохт накардани мутолиботи Кристиян Осагуна, муҳоҷими нигерияии пешини сурхҳо ҳамчунон бо номаи вакили ӯ барои пардохти пул ба ин бозикун рӯ ба рӯ шудаанд.

Ҳамин мавзуъ боиси истеъломи бошгоҳи Персполис аз Федератсияи Футбол шуд то онҳо аз тариқи мукотиба бо ФиФа муҷаввизи истифода аз бозикунони ҷадиди Персполисро содир кунанд.

Фифа низ посухе ба ин дархости Федератсияи футболи Эрон надодааст.

Аз сӯи дигар, замонати бошгоҳи Персполиси Теҳрон бобати пардохти талаби Осагуна ба созмони лига боис шуда то онҳо хостори мувофиқати созмони лига бо ин дархост шаванд, ки қарор аст таклифи ин мавзуъ дар ҷаласаи масъулони ҳуқуқӣ ва иҷроии созмони лига гирифта шавад.