Хатибзода: Мавзуъоти калидӣ ва муҳим дар ҳавзаи рафъи таҳримҳо боқӣ монда аст
(last modified Mon, 17 Jan 2022 13:15:48 GMT )
Январ 17, 2022 18:15 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Мавзуъоти калидӣ ва муҳим дар ҳавзаи рафъи таҳримҳо боқӣ монда аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гӯфт: Мавзуъоти муҳиме дар музокироти Вена боқӣ монда аст, ки тасмимоти хосси сиёсӣ ба вижа аз тарафи Амрикоиро металабад.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз идораи кулли итилоърасонӣ ва умури сухангӯи Вазорати умумри хориҷа, Саъиди Хатибзода сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанӣбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар бораи охирин вазъияти музокироти Вена гуфт: Бисёре аз ҷадвалҳо ва сутунҳо омода ва бахше аз он поксозӣ ва тавофуқ шуда ва тавофуқоте низ дар хусуси эдеаҳо анҷом шуда аст.

  • Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин ҳол таъкид кард: Ончи боқӣ монда аст мавзуъоти калидӣ ҳастанд, ки ба таври вижа тасмимоти хосси сиёсӣ ба вижа аз тарафи Амрикоиро металабад то тасмимоти худро дар ҳавзаи рафъи таҳримҳо ва мавориди боқимонда, ки баъзе аз онҳо мавзуъоти ҷиддӣ ҳастандро эълом кунанд.

Сухангӯи Вазораи умури хориҷаи Эрон дар бораи зарбулаҷалҳои сохтагӣ дар хусуси музокироти Вена низ гуфт: Раиси ҷумҳурии Амрико ва тими сиёсати хориҷи ва музокиракунандагонашон дар Вена медонанд БарҶом ба хотири Эрон зинда аст ва на Амрико, ки аз БарҶом хориҷ ва тамоми талошашро кард БарҶомро ҳамон вақт аз байн бибарад.

  • Хатибзода дар бораи тафоҳумномаи 25 солаи Эрон ва Чин гуфт: Мантиқи ин тафоҳумнома, эҷоди як нақшаи роҳи байни Эрон ва Чин, афзоиши равобит ба як мушорикати ҷомеъ ва роҳбурдӣ миёни ду кишвар аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Ин нақшаи роҳ ниёзманди иҷро шудани бандҳои мухталифи он дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, парлумонӣ ва қазоӣ буд, ки дар 5 моҳи гузашта ба таври вижа дар давлат ва вазоратҳонаҳои мухталиф рӯи қарордодҳо кор карданд. Хатибзода ибрози умдворӣ кард: Қарордодҳое, ки дар музокироти ахири вазири умури хориҷаи Эрон дар Пекин сурат гирифт ва иҷро шудани он оғоз шуда аст, бояд уфуқеро дар равобити роҳбурдии Эрон ва Чин боз кунад.

  • Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи равобити Эрон ва Арабистон ҳам бо баёни ин ки тамаркуз ба оғози фаъолияти намояндагии Эрон назди Созмони ҳамкории Исломӣ дар Ҷадда аст, афзуд: Эрон омодагӣ дорад сафорати худро дар Арабистони Саъудӣ бозгушоӣ кунад. Сухангӯи дастгоҳи диплосии Эрон дар бораи сафари ояндаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия низ гӯфт: Ин сафар, ки ба даъвати раиси Ҷумҳурии Русия анҷом мешавад, дар идомаи масири сиёсати хориҷи мутавозени давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон буда ва дорои аҳамияти зиёд аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи музокироти мустақими Эрон ва Амрико ҳам гӯфт: Амрико бояд нишон диҳад, ки аз масири ғалати гузашта ба сурати ошкор баргашта ва то замоне, ки ин итифоқ науфтад дар мизи БарҶом ҷоӣ надорад ва ин эътимод ва шиносоиро Амрико бояд бо ислоҳи рафтораш касб кунад.