Январ 18, 2022 10:18 Asia/Dushanbe
  • Адмирал Тангсерӣ: Эронӣ дар ҷаҳон, сарафроз ва сарбаланд аст

Фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ таъкид кард: Эронӣ дар ҷаҳон, сарафроз ва сарбаланд аст.

Адмирал Алиризо Тангсерӣ дар чаҳордаҳумин ҷашнвораи ҳазрати Алиакбар (а) гуфт: Эронӣ дар ҷаҳон, сарафроз ва сарбаланд аст ва ба шарофати эронии худ ифтихор мекунад.

Вай афзуд, ин ҷойгоҳи ифтихорофарини марҳӯни рашодатҳо, исоргариҳо ва аз худгузаштагиҳои шуҳадои воломақом аст.

Тангсерӣ ҳамчунин гуфт, имрӯз дунё мардуми Эронро миллате бо салобат, муқовим дар баробари истикбор, доштани рӯҳияи ғайрат, мардонагӣ ва таслим нашудан муқобили золимон мешиносанд.

Чаҳордаҳумин ҷашнвораи ҳазрати Алиакбар(а) бо ҳузури адмирал Алиризо Тангсерӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии сипоҳ, ҷамъе аз сарбозони намӯна ва фармондеҳону масъулони нерӯи дарёии сипоҳи посдорон дар Тангаи Ҳурмуз, бар аршаи нови уқёнуспаймои шаҳид сардор Ҳоҷӣ Абдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор шуд.

 

Барчасп