Январ 20, 2022 12:33 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Саҳми Эрон дар бозори Русия метавонад иртиқо пайдо кунад

Раиси Ҷумҳурӣ бо таъкид бар лузуми коҳиши мавонеъи судури муҷавизҳои содиротӣ таъкид кард: Саҳми мо дар бозори Русия ҳатман метавонад иртиқо пайдо кунад.

Сайид Иброҳими Раисӣ дар идомаи барномаҳои сафари худ ба Маскав дар дидоре бо ҷамъе аз эрониёни муқими Русия бо ғанимат шумордани дидор бо эрониёни хориҷ аз кишвар гуфт: Дар гузорише, ки сафири Эрон дар Русия ва фаъолони иқтисодӣ дар ин ҷаласа ироа карданд, осебшиносии бисёр хубе анҷом шуда буд, аммо мо ниёзманди осебзудоӣ ва рафъи мушкилот ҳастем.

Раисӣ бо таъкид бар талоши давлат барои рафъи мушкилоти содиротӣ изҳор дошт: Бояд тавлид ва содирот қобили пешбинӣ бошад ва содиркунандагону тавлидкунандагон битавонанд бо пешбинӣ дар ин ҳавза фаъолият кунанд, хатарпазирӣ дуруст аст, аммо то ҳудуде бояд иқтисод низ қобили пешбинӣ бошад, то фаъолони ин ҳавза ҳам дучори хасорат нашаванд.

Раиси ҷумҳурии Эрон бо таъкид бар зарурияти осонсозии содирот, таъкид кард: Бархе аз иқдомот барои ислоҳи низоми иқтисодӣ дар оғози роҳ аст, ки бархе аз онҳоро дар буҷети соли 1401 нишон хоҳад дод.

Раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба имкони эҷоди бистаре муносиб барои колоҳои эронӣ дар бозорҳои Русия изҳор дошт: Раиси ҷумҳурии Русия ҳам гуфт, ки саҳми Эрон дар бозори ин кишвар ҳатман метавонад иртиқо пайдо кунад.

Раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба афзоиши сатҳи равобит бо бархе аз кишварҳо дар моҳҳои гузашта, гуфт: Оморҳо нишон медиҳад ба ҳиммати бозаргонон ва тоҷирони эронӣ  содирот афзоиш ёфтааст.

Раисӣ дар мавриди рафъи мушкилоти донишҷӯёни эронии хориҷ аз кишвар ҳам гуфт: Ҳатман вазоратхонаҳои улум, таҳқиқот ва фанноварӣ, беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкӣ иқдомоти лозимро барои ҳалли мушкилоти ин донишҷӯён анҷом диҳанд.

Вай бо баёни ин ки эрониёни хориҷ аз кишвар сафирони кишварамон ҳастанд, таъкид кард: Мардон ва занони бузурги эронӣ дар ҳавзаҳои илму фарҳанг, ҳунар ва ҳамчунин арсаи муқовимат дар муқобили душман таърихсоз шуданд, ки метавон ба онҳо ифтихор кард.

Раисӣ бо ишора ба бархе аз тасмимоти Шӯрои олии эрониёни хориҷ аз кишвар гуфт: Рафту омад барои эрониёни хориҷ аз кишвар бояд осонсозӣ шавад ва лозим аст мушкилоти донишҷӯёни хориҷ аз кишвар низ коҳиш ёбад.  

 

Барчасп