Рӯҳонӣ: Русия аз дӯстони муҳими Эрон дар минтақа аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i8005-Рӯҳонӣ_Русия_аз_дӯстони_муҳими_Эрон_дар_минтақа_аст
Раисҷумҳури Эрон Русияро аз дӯстону ҳамсоягони муҳими ин кишвар дар минтақа донист ва таъкид кард: Иродаи ҷумҳурии исломии Эрон тавсеаи равобит бо федератсияи Русия дар ҳамаи ҳавзаҳост.‏
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 16, 2016 10:07 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Русия аз дӯстони муҳими Эрон дар минтақа аст

Раисҷумҳури Эрон Русияро аз дӯстону ҳамсоягони муҳими ин кишвар дар минтақа донист ва таъкид кард: Иродаи ҷумҳурии исломии Эрон тавсеаи равобит бо федератсияи Русия дар ҳамаи ҳавзаҳост.‏

Ба иттилои пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ шаби гузашта дар дидори Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия гуфт: Тавсеаи ҳамкории парлумонҳои ду кишвар, дар раванди таҳкими беш аз пеши равобити Теҳрон– Маскав бисёр муҳим аст.‏

Раисҷумҳури Эрон афзуд: Равобити Эрон ва Русия дар беҳтарин шароит дар даҳаҳои ахир аст ва бояд аз фазои пасо-БАРҶОМ барои тақвияти беш аз пеши ин ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва фанноварӣ истифода кунем.‏

Рӯҳонӣ мавзуи ҳамкории ду кишвар дар заминаи энержии сулҳомези ҳастаиро яке аз намодҳои равшани умқи равобит баршумурд ва гуфт: Нақши Русия дар тавофуқи ҳастаӣ созанда буд ва имрӯз низ Маскав дар кумак ба анҷоми тааҳҳудоти соири тарафҳо метавонад нақши муҳиме ифо кунад.‏

Раисҷумҳури Эрон бар ҳаракати ду кишвар ба самти тиҷорати озод, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва донишгоҳӣ, улуми ҳавову фазо, ҳастаӣ ва фанновариҳои навин таъкид ва тасреҳ кард: Ҳамкории роҳбурдӣ миёни Эрон ва Русия то аз байн бурдани терроризм дар минтақа идома меёбад.‏

Раиси Шӯрои федератсиия Русия низ дар ин дидор бо таъкид бар инки Маскав хоҳони тавсеаи ҳамкорӣ бо ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳамаи ҳавзаҳост, гуфт: Дар равобити ду кишвар дар ҳамаи ҳавзаҳо таҳаррук эҷод шудааст ва парлумонҳо вазифа доранд, тамоми талоши худро барои иҷрои тавофуқоти ду давлат бакор бигиранд.‏

Валентина Матвиенко бо такрори мавзеи кишвараш дар бораи ҳамкориҳои ҳастаӣ бо Эрон дар умури сулҳомез, ба мувофиқатномаи миёни ду кишвар барои соддасозии судури виза ишора кард ва афзуд: Талош мешавад, бо густариши тасҳилоти ҷамъӣ барои судури виза, фурсатҳои муносибтаре дар ин арса фароҳам шавад.