Ноябр 16, 2016 13:37 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Русия аз дӯстони муҳими Эрон дар минтақа аст

Раисҷумҳури Эрон Русияро аз дӯстону ҳамсоягони муҳими ин кишвар дар минтақа донист ва таъкид кард: Иродаи ҷумҳурии исломии Эрон тавсеаи равобит бо федератсияи Русия дар ҳамаи ҳавзаҳост.‏

Ба иттилои пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ шаби гузашта дар дидори Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия гуфт: Тавсеаи ҳамкории парлумонҳои ду кишвар, дар раванди таҳкими беш аз пеши равобити Теҳрон– Маскав бисёр муҳим аст.

Раисҷумҳури Эрон афзуд: Равобити Эрон ва Русия дар беҳтарин шароит дар даҳаҳои ахир аст ва бояд аз фазои пасо-БАРҶОМ барои тақвияти беш аз пеши ин ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва фанноварӣ истифода кунем.

Рӯҳонӣ мавзуи ҳамкории ду кишвар дар заминаи энержии сулҳомези ҳастаиро яке аз намодҳои равшани умқи равобит баршумурд ва гуфт: Нақши Русия дар тавофуқи ҳастаӣ созанда буд ва имрӯз низ Маскав дар кумак ба анҷоми тааҳҳудоти соири тарафҳо метавонад нақши муҳиме ифо кунад.

Раисҷумҳури Эрон бар ҳаракати ду кишвар ба самти тиҷорати озод, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва донишгоҳӣ, улуми ҳавову фазо, ҳастаӣ ва фанновариҳои навин таъкид ва тасреҳ кард: Ҳамкории роҳбурдӣ миёни Эрон ва Русия то аз байн бурдани терроризм дар минтақа идома меёбад.

Раиси Шӯрои федератсиия Русия низ дар ин дидор бо таъкид бар инки Маскав хоҳони тавсеаи ҳамкорӣ бо ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳамаи ҳавзаҳост, гуфт: Дар равобити ду кишвар дар ҳамаи ҳавзаҳо таҳаррук эҷод шудааст ва парлумонҳо вазифа доранд, тамоми талоши худро барои иҷрои тавофуқоти ду давлат бакор бигиранд.

Валентина Матвиенко бо такрори мавзеи кишвараш дар бораи ҳамкориҳои ҳастаӣ бо Эрон дар умури сулҳомез, ба мувофиқатномаи миёни ду кишвар барои соддасозии судури виза ишора кард ва афзуд: Талош мешавад, бо густариши тасҳилоти ҷамъӣ барои судури виза, фурсатҳои муносибтаре дар ин арса фароҳам шавад.

 

Барчасп