Январ 20, 2022 17:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳури Эрон бо бонувони эронии сокини Маскав

Раиси ҷумҳури Эрон бо бонувони хониводаҳои эронии сокини Маскав мулоқот кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ ба муносибати милоди ҳазрати Фотимаи Заҳро  (саломуллоҳи алайҳо) ва гиромидошти рӯзи Зан дар дидор бо бонувони хонаводаҳои эронии сокини Маскав ,зимни ишора ба ҷойгоҳи азими ҳазрати Заҳро ( саломуллоҳи алайҳо ) гуфт : Шинохти ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳи алайҳо) як улгӯ ва сармоя аст .

Раисӣ бо табйини гӯшае аз фазоили ҳазрати Заҳро афзуд : Дар дунёе, ки зан ба як васила табдил шудааст, ошноӣ бо мактаби ҳазрати Сиддиқаи тоҳира (саломуллоҳи алайҳо) ниёз ва илзом аст, то бонувон битавонанд роҳи саҳеҳи таъолиро пайдо кунанд .
Раиси ҷумҳӯр бо ишора ба дархости бархе бонувони мабнӣ бар осонсозии бозгашти донишҷӯён барои идомаи таҳсил ба Эрон таъкид кард : Ин мавзӯ ҳатман бо кумаки вузарои улӯм, таҳқиқоту фанноварӣ ва беҳдошту дармон пайгирӣ хоҳад шуд .

 

Барчасп