Январ 20, 2022 17:35 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Шӯрои мусулмонони Русия бо Сайид Иброҳими Раисӣ дар Маскав

Раиси Шӯрои мусулмонони Русия бо ҳузури дар маҳали иқомати раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав бо вай дидор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Иброҳими Раисӣ (панҷшанбе) дар дидор бо Равил Айниддин-раиси Шӯрои мусулмонони Русия дар Маскав гуфт : Ин сафар нуқтаи сарнавиштсозе дар равобити иқтисодӣ, сиёсӣ ва ба вижа фарҳангӣ миёни Эрону Русия хоҳад буд.

Равил Айниддин-раиси Шӯрои мусулмонони Русия низ дар ин дидор аз раиси Ҷумҳурии Эрон барои ҳузур дар масҷиди ҷомеъи Маскав даъват кард.
Сайид Иброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон  (чаҳоршанбе) 29 дай дар садри ҳайати олирутба ва дар посух ба даъвати Владимир Путин-раиси Ҷумҳурии Русия ба Маскав сафар кард .

 

Барчасп