Январ 21, 2022 18:54 Asia/Dushanbe
  • Умдаи ҳаққобаи Ҳомун бояд аз селобҳои Афғонистон таъмин шавад

820 миллион метри мукааб ҳаққобаи Эрон, ки аз садди Камолхон раҳосозӣ шудааст, барои обгирии Ҳомун кофӣ нест.

Муҳсин Мӯсавии Хонсорӣ, фаъоли ҳавзаи об дар робита бо таъмини ниёзи обии толоби Ҳомун аз садди Камолхон дар Афғонистон гуфт, бар асоси протоколе, ки дар соли 1351 миёни Эрон ва Афғонистон имзо шудааст, ҳаққобаи Эрон аз Ҳирманд 820 миллион метри мукааб дар сол аст, ки аз садди Каҷакӣ раҳосозӣ шуд ва ба манзури истифода дар нӯшидан ва кишоварзӣ истифода мешавад.

Вай идома дод, ҳаҷми толоби Ҳомун 7 миллиард метри мукааб аст ва барои эҳёи нисбии он ҳаддиақал ба 2 миллиард метри мукааб об ниёз аст. Дар натиҷа агар ҳамаи ин 820 миллион метри мукааб об низ ба Ҳомун биравад, дарде аз хушкии ин толоб даво намекунад.

Ин фаъоли ҳавзаи об гуфт, замоне, ки об аз кишвари Афғонистон ба Эрон меояд, як дуроҳие дар пеш дорад, ки бино ба назари масъулон обро ба чоҳнимаҳо ва ё толоби Ҳомун мефиристад. Чоҳнимаҳо ҳудуди 1. 5 миллиард метри мукааб ҳаҷм доранд ва қодир ҳастанд бо захираи об, масорифи кишоварзӣ ва нӯшиданиро таъмин кунанд.

Узви Анҷумани обу хоки пойдори Эрон баён кард, рӯди Фароҳ, ки дар Афғонистон қарор дорад ва ҳамвора қисмате аз толоби Ҳомунро ба василаи селобҳои фаслӣ обгирӣ мекунад, аммо дар ҳоли ҳозир қарор аст тавассути давлати Афғонистон як садди махзане дар болодасти ин рӯдхона дар маҳалле ба номи "Бахшобод" эҳдос шавад, ки дар ин сурат вуруди селобҳо аз тариқи ин рӯдхона ба шимоли толоби Ҳомун қатъ хоҳад шуд.

Вай афзуд, бо тавваҷуҳ ба ин ки дар маврид Фароҳрӯд муоҳидае байни ду кишвари Эрон ва Афғонистон вуҷуд надорад, аз ин рӯ лозим аст аз тарафи масъулини эронӣ барои тазмини вуруди селоб аз тариқи Фароҳрӯд ба толоби Ҳомун иқдомот ва музокироте бо кишвари ҳамсоя сурат гирад то ҳаддиақал қисмате аз ҳаққобаи Ҳомун ба таври пойдор аз тариқи рӯдхонаи Фароҳ таъмин шавад.

Мӯсавӣ хотирнишон кард, ба таври куллӣ бо тавваҷуҳ ба ахбори мутафовит аз раҳосозии комили об аз садди Камолхон ба самти Сиистон, ҳанӯз ба таври қатъӣ наметавон дар бораи ҳаҷми оби раҳосозишуда ва идомаи он қазоват кард. Хусусан ин ки ба ҳамон андоза, ки ҳаққобаи мавриди тавофуқ дар протокол ба мизони 820 миллион метри мукааб барои давлати Эрон муҳим аст.

 

Барчасп