Идомаи ройзаниҳо дар Вена бо меҳвари рафъи таҳримҳо
Музокиракунандаи аршади Эрон ва намояндагони гуруҳи 4+1 дар бистунуҳумин рӯз аз ҳаштумин даври музокироти Вена бо меҳвари рафъи таҳримҳо бо якдигари дидору гуфтугӯ карданд.
Алӣ Боқирии Канӣ, музокиракунандаи аршади Эрон дар нахустин дидори худ бо Энрике Мора, ҳамоҳангкунандаи Комиссияи муштараки БарҶом дидор кард. Боқирӣ сипас бо музокиракунандагони аршади гуруҳи 4+1 дидор кард.
Бар асоси ин гузориш, гуфтугӯҳо ба таври маъмул рӯзона бо мулоқоти музокиракунандаи аршади Эрон ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо оғоз ва бо баргузории ҷаласот дар қолабҳои ду ва чандҷониба пайгирӣ мешавад.
Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо, ки аз душанбеи 27 декабри 2021 оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад, ба эътирофи ҳайатҳои музокиракунанда пешрафтҳое доштааст.
Ростиозмоии лағви таҳримҳо ва ироаи тазминҳое, ки Эрон бар он таъкид дорад, ду мавзӯи муҳим дар раванди музокироти Вена аст.
Ба гуфтаи Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, бахше аз пронтезҳо, ки мавориди ихтилоф дар пешнависи тавофуқ маҳсуб мешавад, поксозӣ шудаву тавофуқот дар бораи идеяҳо дар ҳоли табдил шудан ба калимот ва ҷумалот ҳастанд.