Афзоиши 110 дарсадии содироти Эрон ба Бразилия
Раиси Утоқи бозаргонии Эрон аз афзоиши 110 дарсадии содироти Эрон ба Бразилия хабар дод.
Ғуломҳусайни Шофеӣ, раиси Утоқи бозаргонии Эрон дар нишасти равобити тиҷории Эрон ва Бразилия гуфт, дар соли гузаштаи мелодии 2021 содироти Эрон ба Бразилия 110 дарсад афзоиш доштааст.
Шофеӣ афзуд: Бозори бузургу мутанаввеи Бразилия ҷаззобияти вижае дорад, ки бояд бо мубодилаи молу коло дар ин бозор ҳузур пайдо кунем.
Раиси Утоқи бозаргонии Эрон ҳамчунин гуфт, равобити ду кишвар пешинаи беш аз 118 сола дорад.
Шофеӣ афзуд, бразилиҳо ба хусус бахши хусусӣ ва иттиҳодияҳои тиҷории онон ба ҳифзи иртибот бо Эрон дар давраи таҳрим таъкид доштанд ва равобити худро дар даврони таҳрим на танҳо ҳифз карданд, балки афзоиш доданд.