Январ 27, 2022 10:59 Asia/Dushanbe
  • Паёми раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба урдуи тими миллии футболи кишвар

Дар остонаи бозии тими миллии футболи Эрон ва Ироқ барои боло рафтан ба ҷоми ҷаҳонӣ, паёми раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба урдуи тими миллии футболи кишвар эълом шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, дар остонаи бозии тими миллии футболи Эрон ва Ироқ барои боло рафтан ба Ҷоми Ҷаҳонии футболи 2022 Қатар паёми Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба урдуи тими миллии футболи кишвар эълом шуд.

Дар ин паём омадааст: Фориғ аз натиҷаи ҳузуратон мояи ифтихори кишвар аст ва як бозии ҷавонмардона ва ба ёдмонданӣ, шодиро барои мардуми азизамон ба армуғон меоварад.

Тими миллии футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар идомаи марҳалаи ниҳоии интихоби Ҷоми Ҷаҳонии футболи 2022 Қатар панҷшанбе мубоқибли тими миллии Ироқ қарор мегирад.

Тими миллии Эрон дар сурати пирӯзӣ муқобили Ироқ ба рекорди таърихӣ дар сариътарин суъуд ба ҷоми ҷаҳонӣ даст хоҳад ёфт.

 

Барчасп