Январ 29, 2022 10:26 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамла ба фурудгоҳи Бағдодро маҳкум кард

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳадаф қарор гирифтани фурудгоҳи Бағдодро иқдоме, дар ҷиҳати барҳам задани субот ва истиқрори Ироқ қаламдод ва онро маҳкум кард.

Саиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе бо ишора ба ҳадаф қарор гирифтани фурудгоҳи Бағдод афзуд, ингуна иқдомоти машкук мӯҷиби эҷоди ноамнӣ ва ошӯб дар Ироқ шуда ва роҳро барои бадхоҳон ва фитнаангезон фароҳам мекунад ва хадамотрасонии давлатро барои шаҳрвандони Ироқ таҳти таъсир қарор медиҳад.

Хатибзода таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз барқарорӣ ва ҳифзи амният дар Ироқ, тавсеаи пешрафти ин кишвар, фарогир шудани амнияту якпорчагии Ироқ ҳимоят кардааст ва аз иқдомоти давлати Ироқ дар барқарории субот ва истиқрори ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Бахши низомии фурудгоҳи Бағдод бомдоди ҷумъа ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифт.

Бо вуҷӯди фаъол шудани сомонаи зиддиҳавоии “Сиром”-и Амрико , хабарҳо ҳикоят аз ин дорад, ки 6 ракет аз 10 ракети 107 милиметрии шиллик шуда ба пойгоҳи мазкӯр исобат кардааст.

Бархе гузоришҳо низ ҳокӣ аз исобати 3 ракет ва ба ҷои мондани се ракети дигар дар худрави ҳомили ракетандоз аст.

 

Барчасп