Январ 30, 2022 11:18 Asia/Dushanbe
  • Транзити мустақими Эрону Русия аз тариқи бандарҳои манотиқи озоди ду кишвар

Мудири омили Роҳи оҳани Ҷумҳурии исломии Эрон аз транзити мустақими таркибии рейлӣ - дарёӣ аз тариқи минтақаи озоди Лотоси Русия ва бандари Каспиян ва минтақаи озоди бандари Анзалӣ дар шимоли Эрон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидмеоди Солеҳӣ пас аз боздид аз бандари Каспиян дар минтақаи озоди Анзалӣ дар Твиттер навишт : Дар сафар ба Русия транзити таркибии рейлӣ - дарёӣ аз тариқи минтақаи озоди Лотоси Русия ва бандари Каспияни Эрон ба унвони масири мустақими байни ду кишвар ва сипас ҳамли рейлӣ дар хоки Эрон мавриди тафоҳум қарор гирифт .
Дар сафари ахири раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Русия яке аз мавзӯъоти бисёр муҳим дар густариши равобити иқтисодии ду кишвар фаъол кардани коридоури Шимол - Ҷануб буд . Бо тавофуқи роҳбурдии давлати Эрон бо Русия, ки бастае аз тавофуқоти таъминотӣ ва транзитӣ аст, ҷараёни убури бор аз коридоури Шимол - Ҷануб афзоиш хоҳад ёфт ва дар айни ҳол ҷойгоҳи роҳбурдии Эрон дар сатҳи минтақа бо фаъол шудани ин коридор афзоиш меёбад .

 

Барчасп