Баргузории ҷашнҳои солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ бо риъояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ
(last modified Mon, 31 Jan 2022 13:27:34 GMT )
Январ 31, 2022 18:27 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашнҳои солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ бо риъояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ

Раиси ситоди маркази даҳаи фаҷри инқилоби исломии Эрон аз баргузории бо шукуҳи ҷашнҳои солгарди ин пирӯзи бо риъояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ хабар дод.

Сайиднизомуддини Мусавӣ гуфт: Ҷашнҳои имсол бо унвони ҷашни миллии 1400 аз соати 9 субҳи (сешанбе) 12 баҳман дар ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ(р) оғоз хоҳад шуд ва бар асоси барномарези то 22 баҳман идома хоҳад дошт.

  • Раиси ситоди марказии даҳаи фаҷри инқилоби исломӣ Эрон афзуд: Меҳвари аслии барномаҳо ҷашнҳои солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, умед ва ваҳдат хоҳад буд.
  • Мусавӣ таъкид кард, субҳи (сешанбе) режаи мутурсаворон ва гулборони масири имом Хумайнӣ(р) аз фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон то Биҳишти Заҳро баргузор хоҳад шуд.
  • Раиси ситоди марказии даҳаи фаҷри инқилоби исломӣ Эрон гуфт: Дар 110 мадрасаи саросари Эрон занги инқилоб ба садо дар хоҳад омад ва барномаҳои мухталиф низ бо ҳузури донишомӯзон баргузор мешавад.
  • Мусавӣ афзуд: Ақалиятҳои динӣ низ маросим ва ҷашн хоҳанд дошт ва субҳи сешанбе ноқуси калисоҳо ба садо дар хоҳад омад.

Раиси ситоди миллии даҳаи фаҷри инқилоби исломӣ гуфт: Ҳамчунин монанди соли гузашта барномаи вижаи сабру шукр дар маконҳои мутабаррика дар шаби 22 баҳман баргузор хоҳад шуд.

Мусавӣ афзуд: Маросими гулборони мазори шуҳадо низ панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар беш аз 19 ҳазор гулзори шуҳадо дар Эрон баргузор хоҳад шуд.

Раиси ситоди марказии даҳаи фаҷри инқилоби исломӣ гуфт: Барои пушиши расонаии маросими даҳаи фаҷр беш аз 2 ҳазор хабарнигорони эронӣ ва 110 хабарнигори хориҷӣ ва гуруҳҳои марбут пушиши хабарӣ хоҳанд дод.