Ноябр 17, 2016 12:51 Asia/Dushanbe
  • Намоиши ҳавоии Эрон ва Русия; Паёми таҳдид барои терроризми байналмилалӣ

Сафири Русия дар Эрон гуфт, намоиши ҳавоии муштараки Эрон ва Русия паёми таҳдид барои терроризми байналмилалӣ ва паёми сулҳу дӯстӣ барои кишварҳои минтақа аст.

    Леван Джагарян, сафири Русия дар Эрон, рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи баргузории намоиши ҳавоии ҷангандаҳои Эрон ва Русия дар ҷазира Киш (ҷануби Эрон) афзуд, Эрон аз муттаҳидони муҳимми Русия барои муқобила бо терроризми байналмилалӣ аст.

  Вай афзуд, Маскав барои муқобила бо терроризм ва ДИИШ бо Эрон дар як сангри воҳид (хатти ягона) аст ва ду кишвар мавози муштарак доранд.

   Сафири Русия дар Теҳрон, ҳамчунин ҳамкорӣ ва мубодилоти иқтисодии ду кишварро мутаносиб бо зарфиятҳои муштарак надонист ва гуфт, кишвараш омодаи густариши ҳамкориҳо бо Эрон дар чорчӯби муоҳидаҳои байналмилалӣ аст.

  Намоиши ҳавоии муштараки Эрон ва Русия дар ҳошияи ҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии саноаъти ҳавоии Эрон, дар ҷазираи Киш баргузор шуд ва зарфиятҳои низомии ду кишвар ба намоиш даромад.

  Ҳаштумин намоишгоҳи ҳавоии Эрон дар ҷазираи Киш (ҷануби Эрон), рӯзи чаҳоршанбе оғоз бакор кард.

 

Барчасп