Баргузории ойини накудошти доктор Маҳдӣ Муҳаққиқ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i80650-Баргузории_ойини_накудошти_доктор_Маҳдӣ_Муҳаққиқ
Бо талоши муассисаи фарҳангии ЭКО накудошти доктор Маҳдӣ Муҳаққиқ баргузор шуд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Январ 31, 2022 20:02 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ойини накудошти доктор Маҳдӣ Муҳаққиқ

Бо талоши муассисаи фарҳангии ЭКО накудошти доктор Маҳдӣ Муҳаққиқ баргузор шуд.

Ойини накудошти доктор Маҳдӣ Муҳаққиқ чеҳраи мондгор ва раиси ҳайат мудираи Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ба ҳаммати шабакаи радиои фарҳангӣ ва муассисаи фарҳангии ЭКО дар қолаби маросими бузургдошти "Фарзонагони фарҳанг" баргузор шуд.

Алиризо Ҳабибӣ, мудири шабакаи радиои фаҳанг, Алӣ Бахшзода, мувоини Садои созмони Садо ва Симо Ғуломалӣ Ҳадоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, Сарвар Бахтӣ, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, Ҳасани Балхорӣ, раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, Муҳаммад Шолуй, дастёри вазир ва мудири кулли ҳавзаи Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, дар бораи шахсият ва ҷойгоҳи доктор Маҳдӣ Муҳаққиқ  дар сипеҳри илмӣ ва фарҳанӣ Эрон суханронӣ карданд.

Ҳамзамон бо ин барнома намоишгоҳи муъаррифии 50 шоири муъосири Эрон дар қолаби тоблуҳои чеҳранигорӣ бо ҳамкории Муассисаи фарҳангӣ ЭКО низ ифтитоҳ шуд.

Доктор Маҳдӣ Муҳаққиқ; нависанда, аллома, адиб, фақиҳ, муҷтаҳид, нусхаи пуружа ва пажуҳишгари таърихи пизишкии исломӣ, мусаҳеҳ ва шореҳи китоби адабӣ ва фалсафӣ ва фиқҳӣ, устоди собиқи Донишгоҳи Теҳрон аст.

Ин донишманди гаронмоя бунёнгузори доиратул маъорифи шиъа ва узви ҳайати уманои Бунёдул маъорифи исломӣ аст, вай ҳамчуини мудири Муассисаи мутолеъоти исломии Донишгоҳи Теҳрон-донишгоҳи Макгил ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аст.