Январ 31, 2022 21:18 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии раиси конфедросиёни футболи Осиё ба Эрон

Раиси конфедросиёни футболи Осиё дар паёме суъуди тими миллии футболи Эрон ба Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатарро табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНА, дар паёми Иброҳим Салмон бин Иброҳим Оли Халифа раиси конфедросиёни футоли Осиё ба Шаҳобуддин Азизиходим раиси федросиёни футболи Эрон омада аст, акнун лаҳзаҳои фараҳбахше барои федросиёни футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва дастоварди бузурге, ки нишондиҳандаи талош ва тааъауҳд барои муваффақият дар болотарин сатҳи байналмиллалӣ таҳти мудирияти шумо аст.

Раиси конфедросиёни футболи Осиё дар ин паём ибрози этминон кард, тими миллии Эрон боиси ифтихори Осиё дар Қатар хоҳад шуд ва илҳомбахши насли баъдии бозикунон ва ҳаводорон, натанҳо дар кишвари футболдусти шумо балки дар саросари қораи Осиё хоҳад буд.

Тими миллии футболи Эрон панҷшанбеи гузашта дар ҳафтумин бозии худ дар марҳалаи ниҳоии муқадамотии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар ба масофи Ироқ рафт ва дар ниҳоят бо натиҷаи як бар сифр ҳарифро шикаст дод.

Тими миллии футболи Эрон бо ин натиҷа зудтарин суъуд ба Ҷоми Ҷаҳониро рақам зад ва бо натиҷаи қобили қабул муқтадиронатарин натоиҷи мумкинро рақам зад.

Тими миллии футболи Эрон бо ҳидояти Драгон Сквочич дар 14 бозии гузашта 13 бурд ва як тасови касб кард ва дар ниҳоят рӯзе ки бонувон ва хонаводаҳо дар варзишгоҳ буданд, иҷозаи  ҳузур дар Ҷоми Ҷаҳони Қатарро касб кард.

Эрон бо ин бурд 19 имтиёзӣ шуд ва садри ҷадвалро низ ҳифз кард.

 

Барчасп