Феврал 05, 2022 18:10 Asia/Dushanbe
  • Дарёфти тазмин аз мавзуъоти аслии Эрон дар музокироти Вена аст

Вазири умури хориҷаи Эрон, яке аз мавзуъоти асосии гуруҳи музокиракунандаи Ҷумҳурии Исломӣ барои лағви таҳримҳоро гирифтани тазмин унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейни Амир Абдуллоҳиён дар ҳошияи маросими таҷдиди мисоқи вазир ва мудирони аршади Вазорати умумри хориҷаи Эрон бо ормонҳои бунёнгузори кабири инқилоби исломӣ дар марқади мутаҳҳари имом Хумайнӣ(р) дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи музокироти Вена гуфт, яке аз мавзуъоти асосии Эрон барои лағви таҳримҳо, гирифтани тазминҳо аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, он чи ҳайати музокиракунанда дар бораи тазмин дунол мекунад, дар ҳамаи сутуҳи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ аст, ки дар бахшҳое аз он тавофуқоте ҳосил шуд аммо ҳануз ҳайати музокиракунандаи Эрон бо ҷиддият гирифтани тазмини воқеъи аз тарафҳои ғарбӣ ва пойбандӣ ба таъаҳҳудотеро, ки бар мабнои тавофуқи Вена ҳосил мешавад, дунбол мекунад.

Амир Абдуллоҳиён таъкид кард, Эрон ба тарафи амрикоӣ, ки аз тариқи воситаҳое ин рӯзҳо паёмҳоеро мунтақил мекунад ба рушани эълом карда аст бояд ҳусни нияти худашро дар амал нишон бидиҳад.

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, рафъи бахше аз таҳримҳо ба маънои ҳақиқӣ ва воқеъӣ метавонад тарҷумони ҳусни нияти амрикоиҳо бошад, ки аз он суҳбат мекунанд, он чи ки рӯи коғаз рух медиҳад хуб аст аммо кофӣ нест.

Амрико ҳаштуми май 2018 расман аз Барҷом хориҷ шуд ва зимни бозгардондани таҳримҳои гузашта, таҳримҳои ҷадид низ зидди Эрон иҷроӣ кард.

 

Барчасп