Таҳлил: Музокироти Вена, Эрон дунболи чӣ тавофуқе аст?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i80854-Таҳлил_Музокироти_Вена_Эрон_дунболи_чӣ_тавофуқе_аст
Вазири хориҷаи Эрон ва масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодия Аврупо охирин вазъияти музокироти Венаро барраси караданд ва дар ин ройзании телефони таъкид шуд, Теҳрон бо қотеъият ба дунболи тавофуқ аст аммо манофеъи миллии Эрон боят тазмин шавад.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Феврал 07, 2022 11:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷозеп Берл,музокироти Вена дар барҳаи замонии муҳиме қарор дорад
    Ҷозеп Берл,музокироти Вена дар барҳаи замонии муҳиме қарор дорад

Вазири хориҷаи Эрон ва масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодия Аврупо охирин вазъияти музокироти Венаро барраси караданд ва дар ин ройзании телефони таъкид шуд, Теҳрон бо қотеъият ба дунболи тавофуқ аст аммо манофеъи миллии Эрон боят тазмин шавад.

Ҷозеп Берл, масъули сиёсатӣ хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамоҳанг кунандаи аршади музокироти Вена рӯзи шанбе дар тамоси телефони бо Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон гуфт, музокироти Вена дар барҳаи замонии муҳиме қарор дорад ва ҳамаи тарафҳо бо як дастурии кори мушахас ва барои расидан ба тавофуқ ба Вена биёянд.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён низ бо баёни ин ки Эрон барои расидан ба тавофуқ ҷидди аст аммо бар қотеъият ба ҳаросат аз хутути қирмиз ва манофеъи миллии худ ҳам таъкид дорад изҳор кард, бархе таҳаввулоти мусбат дар музокирот рух додааст аммо ҳанӯз интизорҳои Эронро бароварда намекунад.

Таҷрубаи БарҶом ва ноқис иҷро шудани ин тавофуқ ва дар ниҳоят хуруҷи Амрико аз БарҶом ва сипас нотавонии Аврупо дар тазмини манойфеъи иқтисодии Эрон дар БарҶом, сабаб шудааст Эрон бо қотеъият ва ҳасосияти бештаре дар даври ҷадиди музокирот барои лағви таҳримҳо дар Вена ширкат кунад.

Давраи ҷадиди музокироти Вена аз 28 январи 2022 бо ҳадафи ройзании ҳайатҳо дар пойтҳои худ барои иттихози тасмими сиёсӣ бо ҳадафи расидан ба тавофуқ феълан мутавақиф шудааст. Тавофуқ барои лағви таҳримҳои замон мавриди таиди Эрон аст,ки  қобили ростиозмоӣ ва тазмин кунандаи қатъии манофеъи иқтисодии Эрон фориғ аз қавонини дохилии кишварҳои дигар ба вижа Амрико бошад. 

БарҶом то кунун натавонистааст манофеъи иқтисодии Эронро тазмин кунад ва руйкарди Амрико ва нотавонии бархе тарафҳои аврупоӣ дар доштани истиқлоли амали хориҷи аз сояи Амрико ,беш аз пеш бар бе эътимодии Эрон бар бархе  тарафҳои муқобил дар музокироти Вена афзудааст . дар чунин шароите бо тавофуқ мувофиқат хоҳад кард,ки ба таври воқеъи ва пойдор на сирфан рӯйи қоғаз ,таъмин кунандаи манофеъи иқтисодии Эрон бошад.

БарҶоми соли 2015 бо ҳадафи тамини иқтисодии Эрон дар эзои бархе маҳдудиятҳои ҳастаии Теҳрон иҷрои шуд аммо дар ниҳоят на фақат ин манофеъ ба таври мустамер ва пойдор тазмин ва тамин нашуд,балки бо хуруҷи Амрико аз БарҶом ,таҳримҳои ҷадиде дар бахшҳои мухталиф зидди Эрон аъмол шуд.

Ҳамин бе эътимоди ба тарафи муқобил сабаб шудааст ҳайъати музокира кунандаи Эрон дар даври ҷадиди музокирот бо иттихози роҳкорҳо ва ироаи пешниҳодҳои минақаӣ зимни санҷиши ҷадиди тарафи муқобил ва сипас дар сурати расидани ба тавоқуф, аз нақзи муҷаддади манофеъи миллии Эрон ҷилавгири кунад. то замоне,ки ин асли муҳим барои Эрон собит нашавад, зерибори ҳеҷ тавоқуфе нахоҳад рафт.

Дар ҳамин чорчуб, Али Шамхонӣ,дабири шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар" Твитер "навишт, Интифои иқтисодӣ воқеъи,муассир ва қобили ростиозмоӣ барои Эрон, шарти лозим барои шаклгирии тавофуқ аст.

Фурӯши бидуни дарди сари нафт ва интиқоли даромади арзии он ба Эрон ба таври пойдор, ҳамкории бидуни маҳдудияти бонкҳои Эрон бо бонкҳои хориҷӣ, осонсозӣ ва бидуни мушкил раванди тиҷорати хориҷии Эрон фориғ аз ин ки чӣ давлате дар оянда дар Амрико сари кор ояд ва ҳамчунин сармоягузори пойдор ва қобили итикоъ дар Эрон аз ҷумла шартҳое аст,ки тазмини воқеъии он аз сӯйи тарафҳои муқобил,масирро барои расидан ба тавофуқ дар даври ҷадиди музокироти Вена ҳамвор мекунад.

 

Бештар бихонед: