Феврал 09, 2022 13:16 Asia/Dushanbe
  • Имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои қазоии Эрон ва Тоҷикистон

Додситонҳои кулли Эрон ва Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои қазоӣ имзо карданд.

Ин ёддошти ҳамкорӣ ба имзои ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон расид.

Пешгирӣ, кашф, таҳқиқ ва таъқиби муҷримон, ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳо, табодули таҷрибиёт ва иттилоот дар хусуси мавзуҳои мавриди алоқаи муштарак ва равияҳои ҷиноӣ, ройзанӣ барои ҳамкориҳои ҳуқуқӣ, таҳия ва баррасии дархостҳои вижаи истирдод ва мавзуҳои ҳуқуқии мутақобил дар умури кайфарӣ ва умури марбут ба ҷароими идорӣ ва табодули иттилоот дар мавриди низомҳои ҳуқуқӣ ва қонунҳои дохилии кишвари худ, аз ҷумлаи муҳтавои ин ёддошт тафоҳум аст.

Табодули таҷрибиёт дар мубориза бо ҷиноятҳо, аз ҷумлаи ҷиноятҳои созмонёфта, терроризм, ифротгароӣ, фасод, қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва маводи равонгардон, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фанновариҳои пешрафта, анвои дигар ҷароиме, ки таҳдиди ҷиддӣ барои ҷомеа ҳастанд, аз ҷумла бозгардондани дороиҳо ва амволи ба дастомада аз муҷрим аз дигар бандҳои мавриди тафоҳуми ду тараф аст.