Феврал 09, 2022 14:11 Asia/Dushanbe
  • Боздиди додстони кулли Тоҷикистон аз дастовардҳои электронии қазоии Эрон

Додситони кулли Тоҷикистон аз дастовардҳои электронии қазоии Эрон боздид кард.

Ба гузориши “Форс”, Юсуф Раҳмон бо ҳузур дар маркази омору фанноварии иттилооти Қувваи қазоия, зимни дидор бо Муҳаммади Козимифард, раиси ин марказ, бо иқдомоти суратгирифта дар заминаи ҳушмандсозии фарояндҳои қазоӣ ошно шуд.

Дар ин дидор раиси маркази омор ва фанноварии иттилооти Қувваи қазоияи Эрон зимни ташреҳи дастовардҳои ин марказ ҷиҳати ироаи хадамоти электронии қазоӣ ба мардум, ба муаррифии бархе аз сомонаҳои роҳандозишуда, аз ҷумла сомонаи эҳрози ҳувияти бархат (онлайн), додгоҳҳои бархат, сомонаи иблоғу сано, барнома (эпликейшен) -и адолати ҳамроҳ (телефон), сомонаи судури гувоҳии надоштани доғи судӣ, побанди электронӣ гуфт: Ин марказ омодагӣ дорад, таҷрибиёти худро дар заминаи ҳушмандсозии фарояндҳои қазоӣ дар ихтиёри дастгоҳи қазоии кишвари Тоҷикистон қарор диҳанд.

Дар идома Юсуф Раҳмон низ зимни ибрози хурсандӣ аз ин дидор, хостори ҳамкорӣ ва интиқоли таҷрибиёт ва дониши фаннӣ дар заминаи ироаи хадамоти қазоӣ ба сурати электронии Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон ба дастгоҳи қазоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.