Феврал 09, 2022 15:27 Asia/Dushanbe
  • Инсиҷоми лозим дар Амрико барои гирифтани тасмимоти сиёсӣ дар Вена вуҷуд надорад

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон садоҳои мутафовити ҳайати ҳокимаи Амрикоро нишонгари адами инсиҷоми лозим барои гирифтани тасмимоти сиёсӣ дар Вена донист.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон (чаҳоршанбе) дар твитте навишт: Садоҳое, ки аз ҳайати ҳокимаи Амрико шунида мешавад, нишон медиҳад, ки инсиҷоми лозим дар ин кишвар барои гирифтани тасмимоти сиёсӣ дар масири пешбурди музокироти Вена вуҷуд надорад.

Шамхонӣ гуфт: Давлати Амрико наметавонад ҳазинаи ихтилофоти дохилии худро бо зойеъ кардани ҳуқуқи қонунии миллати Эрон пардохт кунад.

Ҳамчунин Шамхонӣ сешанбе ва ҳамзамон бо идомаи даври ҳаштуми музокирот дар Вена, байни Эрон ва 1 + 4 барои рафъи таҳримҳо дар твитте навишт: Зарфиятҳову тавонмандиҳои иқтисодӣ ва технологии кишвар дорои сохтори якпорчааст ва рафъи таҳримҳо бо ҳар шиносае бояд барои ҳамаи бахшҳо моҳияти яксон дошта бошад.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ҳамчунин дар твитте дигар эълом кард, бидуни хуруҷи Вашингтон аз таваҳҳумоти кунунӣ, масири музокироти Вена ҳамвор намешавад.

 

Барчасп