Сарлашкар Боқирӣ: Душманон аз таҳоҷум ба Эрон тарс доранд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i80966-Сарлашкар_Боқирӣ_Душманон_аз_таҳоҷум_ба_Эрон_тарс_доранд
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, тарси душманон аз таҳоҷум ба Эронро нишонаи рушд, иртиқо ва таъолии ками ва кайфии қудрати мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон донист.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Феврал 10, 2022 12:36 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ: Душманон аз таҳоҷум ба Эрон тарс доранд

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, тарси душманон аз таҳоҷум ба Эронро нишонаи рушд, иртиқо ва таъолии ками ва кайфии қудрати мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳамзамон бо гиромидошти чиҳилусеввумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон, аз мушакҳои дурбурд ва нуқтазани тамом эронии "Хайбаршикан" ба унвони ҷадидтарин дастоварди роҳбурдии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯнамоӣ шуд.

Мушакҳои тамом эронии "Хайбаршикан" аз насли севвуми мушакҳои дурбурдии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст, ки дорои сухти ҷомеъ аст ва вазни он нисбат ба намунаҳои мушобеҳ як севвум ва муддати омодасозӣ ва шиллики он низ то як шашум коҳиш пайдо карда аст.

  • Ба гузориши Сипоҳ ниюз: Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар оини рӯнамоӣ аз мушаки роҳбурдӣ ва нуқтазани "Хайбаршикан"-и нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Қудрати мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон баробари мутаҷовизин ва ситамгарон ва истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнистҳои одамкуш рӯз ба рӯз қудрати бештаре пайдо карда ва масири рушд, иртиқо ва таъолии онро чи ба лиҳози камият ва чи ба лиҳози кайфият идома хоҳем дод.
  • Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон душманони миллати Эронро бозичаҳои дасти истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнистҳо донист ва хотирнишон кард: Агар оромиш ва амният дар Эрон аст ба далили тарс ва ваҳшате аст, ки душманон аз натиҷаи таҳоҷум ва таҷовуз ба низоми исломии қаҳрамони мо дар дилашон доранд.

Ҳамчунин сардор Амиралии Ҳоҷизода фармондеҳи неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт: Дар шаройти ҷангҳои имрӯзӣ ин тавонмандӣ барои Эрон ҳосил шуда аст, ки аҳдофи мутахосимро дар бурд ва масофати 1450 километрӣ нуқтазанӣ ва мавриди исобат қарор диҳад