Феврал 12, 2022 09:56 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби роҳпаймоии 22 баҳман дар расонаҳои ҷаҳон

Расонаҳои англисӣ забони мутааллиқ ба кишварҳои мухталиф, маросими роҳпаймои шукӯҳманди 43-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эронро пӯшиш доданд.

Ҷумъа 22 баҳмани 1400 баробар бо 11 феврали 2022, 43- умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон буд.

Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) ба пирӯзӣ расид.

Хабрагузории "Associated Press" дар гузорише навишт, "Бо тавваҷуҳ ба шуюи вируси корона, барои дуюмин сол ҳазорон худрав ва матасикл, рӯзи ҷумъа дар маросими ҷашни 43-умин солгарди инқилоби 1979 Эрон гузашти матасиклсаворон баргузор карданд.

Ин хабаргузорӣ афзуд, анбӯҳи мардум бо дар даст доштани парчами Эрон, шиорҳои "марг бар Амрико" ва "марг бар Исроил" сар дода ва хезиш ва берун рондани шоҳи таҳти ҳимояти ғарбиҳо ва ба қудрати расондани раҳбарони исломиро ҷашн гирифтанд.

"Associated Press" афзуд, баргузории маросими солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар ҳоле баргузор шуд, ки музокирот миёни Теҳрону қудратҳои ҷаҳонӣ ба манзури эҳёи БарҶом дар Вена идома дорад.

Хабаргузории "Анатоли"-и Туркия дар гузорише навишт, мардуми Теҳрон дар солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар ҳоле, ки парчамҳои се ранги кишварашонро аз панҷараи худравҳои худ берун оварда буданд ба самти майдони Озодӣ ҳаракат карданд.

Ин хабаргузорӣ навишт, тамоми масирҳои мунтаҳӣ ба майдони Озодӣ мамлув аз худравҳо ва матасикл буда ва оҳангҳо ва сурӯдҳои инқилобӣ дар хиёбонҳо танин андоз шуд.

Анатоли афзуд, роҳпаймоиҳои мушобеҳе низ дар шаҳрҳои кучак ва бузурги Эрон, аз ҷумла Исфаҳон, Ҳамадон, Табрез, Машҳад ва Қум баргузор шуд.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, панҷшанбешаб ва дар шаби пирӯзии Инқилоби исломии Эрон, мушобеҳи солҳои гузашта осмони шаҳрҳои мухталиф нурафшонӣ шуд.

Хабаргузории Фаронса низ дар гузорише навишт, мардуми Эрон роҳпаймоии солгарди пирӯзии Инқилоби исломиро "пушти фармони худравҳо" баргузор карданд.

Дар ин гузориш омадааст, бахше аз ширкаткунандагон дар ҷашни пирӯзии Инқилоби исломӣ монанди солҳои гузашта ба сӯрати пиёда дар хиёбонҳо ҳозир шуданд.

Хабаргузории Фаронса навишт, бо вуҷӯди сармои ҳаво, мардум худро ба майдони намодини Озодӣ расонданд.

Хабаргузории Ройтерс низ бо ишора ба баргузории маросими солгарди инқилоби шукӯҳманди Эрон ба пӯшиши суханронии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохт ва ба нақл аз ӯ навишт, " умеди мо ба шарқ, ғарб, шимол ва ҷануби Эрон аст ва давлат ҳаргиз ба Вена ва Ню-Йорк умед намебандад.

Шабакаи "Euronews" низ гузорише тасвирӣ аз роҳпаймоии бошукӯҳи мардуми Эрон дар ин рӯзро бар рӯи вебсайти арабии худ қарор дод. Илова бар расонаҳои англисӣ забон, хабарнигорони расонаҳои арабӣ низ ба пӯшиши роҳпаймоии имсол пардохтанд.

 

Барчасп