Нурборони ҳарами мутаҳҳари Разавӣ дар мелоди фарзанди имом Ризо(а)
(last modified Sat, 12 Feb 2022 09:23:34 GMT )
Феврал 12, 2022 14:23 Asia/Dushanbe
  • Нурборони ҳарами мутаҳҳари Разавӣ дар мелоди фарзанди имом Ризо(а)

Ҳарами мунаввари Разавӣ дар солрӯзи валодати имоми Муҳаммади Тақӣ, набераи гаронқадри Паёмбари гиромии Ислом (с), меодгоҳи зоирон ва муҷовироне аст, ки бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ барои арзи табрик ба ҷойгоҳи муқаддаси ҳарами Разавӣ мушарраф шудаанд.

Саҳнҳо ва равоқҳои боргоҳи мунаввари Разавӣ, ба воситаи мелоди ҳазрати Ҷавод (а) саросар нур, тазйин ва гулороӣ шудааст ва навои мавлудхонӣ дар саҳнҳо ва равоқҳои ин боргоҳи мунаввар танинандоз шудааст.

Ҳамчунин барномаҳои мухталифе дар ҳавзаҳои тарбиятӣ ва басиратӣ ва суханронӣ ба муносибати ин мелоди бо саодат дар ҳарами Разавӣ ва дар саҳнҳои мухталиф тадорук дида шудааст.

Имрӯз шанбе даҳуми раҷаби 1443-и ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 12 феврали 2022, солрӯзи валодати босаодати имом Муҳаммади Тақӣ (а), аз наберагони Паёмбари мукаррами Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аст.

Имом Муҳаммади Тақӣ (а) рӯзи даҳуми раҷаби соли 195 –и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина ба дунё омаданд ва пас аз шаҳодати падари бузургвораш имом Ризо (а) ӯҳдадори масъулияти раҳбарии мусулмонон шуданд.

Лақаби мубораки имом Муҳаммади Тақӣ (а) “Ҷаводулаимма” аст.

Имом Ризо (а) дар бораи манзалати фарзандашон имом Ҷавод (а) фармуданд: “Ман дорои писаре шудаам, ки ҳамчун Мӯсо (а) шикофандаи дарёҳои илм аст”.

Имом Ҷавод (а) дар синни ҳаштсолагӣ ба имомат расиданд ва даврони имомати он ҳазрат 17 сол будааст, яъне эшон даврони имоматашонро аз кӯдакӣ то ҷавонӣ гузарондаанд.