Рекордшикании тавлиди нафти Эрон бо вуҷӯди идомаи таҳримҳои иқтисодӣ
Тавлиди нафти Эрон дар нахустин моҳ аз соли 2022 бо вуҷӯди идомаи таҳримҳои иқтисодӣ, бо афзоиши 21 ҳазор бушкаӣ ба болои 2.5 миллион бушка дар рӯз расида, ки болотарин мизони тавлид дар се соли гузаштааст.
Дар гузориши Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК), ки барои нахустин моҳ аз соли 2022 мунташир шудааст, Эрон дар моҳи январи 2 миллиону 503 ҳазор бушка нафти хом тавлид карда, ки 21 ҳазор бушка бештар аз моҳ декабр будааст.
Ин мизон тавлид баъд аз иҷрои комили бозгашти таҳримҳо ба иқтисоди Эрон ва бо хурӯҷи як ҷонибаи Амрико аз БарҶом, дар се соли гузашта бе собиқа будааст.
Қиммати нафти хоми сангини Эрон бар асоси тозатарин гузориши ОПЕК, дар моҳи январ нисбат ба моҳи декабри 10 доллару 91 сенат баробар бо 14.6 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар канори афзоиши тавлиди нафти Эрон, афзоиши содироти нафт низ муҳаққақ шудааст.