Феврал 13, 2022 09:39 Asia/Dushanbe
  • Ҷинояту разолати Саддом бояд фаротар аз марзҳои Эрон ба намоиш гузошта шавад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Ҷинояту разолати Саддом бояд фаротар аз марзҳои Эрон ба намоиш гузошта шавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ,Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии Эрон ( шанбе ) дар дидори ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадоу ҷонбозони ҳодисаи бомбаборони мусобиқаи футболи « Чавор » дар устони Илом, ки дар соли 1365 ба дасти ҷангандаҳои режими Баъс анҷом гирифт, гуфт : Набояд иҷоза бидиҳем ки дарси муқовимат ёди шуҳадову исоргарон ба фаромушӣ супурда шавад .

Раисӣ афзуд : Ҷинояту разолати  Саддому ҳомиёни ӯ алайҳи варзишкорону ҷавонони бедифои Илом ва ҳамчунин мазлӯмияти шуҳадои ҳодисаи мусобиқаи футбол бояд фаротар аз марзҳои Эрон ба намоиш гузошта шавад .
Раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт : Шуҳадои « Чавор » дар авҷи ҳамалоти Саддомиён бо муқовимати худ мехостанд ба мардум оромиш диҳанд .

Дар ибтидои ин дидор теъдоде аз ҷонбозону хонаводаи шуҳадои ин ҳодиса бо зикри хотироту масоиби ин фоҷеъаи дарднок, ёди шуҳадои ин ҳодисаро гиромӣ доштанд .
Ҳавопаймоҳои режими баъсии Ироқ 23 баҳмани соли 65 дар ҷиноятии ғайриинсонӣ  бо парвоз дар баландии поин бар фарози замини футболи чаман ва рехтани бомб 15 нафар аз футболистҳои иломиро ба шаҳодат расонданд .

 

Барчасп