Охирин ахбори музокироти Вена ; пешниҳодҳои Эрон-рӯи мизи музокирот
Даври ҳаштуми музокироти Вена дар панҷумин рӯз бо баррасии пешниҳодҳои Эрон баргузор шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ройзаниҳо дар панҷумин рӯз аз даври ҳаштуми музокироти лағви таҳримҳо дар Вена бо дидорҳои ҷудогонаи Алии Боқирӣ- музокиракунандаи аршади Эрон бо Михаил Улянов-намояндаи Русия,Ванг Куон-намояндаи Чин ва Энрике Мора-намояндаи Иттиҳодияи Аврупо шанбешаб дар Вена ба поён расид .
Ҳамзамон бо музокироти сиёсӣ нишастҳои каршиносии Эрону гуруҳи панҷ ба иловаи як ҳам дар ин шаҳр баргузор шуд ва то нимашаб идома дошт .
Яке аз ахбори ҷадиди марбут ба музокироти Вена ҳузури Маҳдии Сафарӣ-муовини дипломасии иқтисодии вазорати хориҷаи Эрон аст, ки рӯзи шанбе барои ширкат дар даври ҳаштуми музокироти Вена вориди пойтахти Австрия шуд .
Аз дигар ахбори ҷадид изҳороти Вонг Куон- намояндаи Чин дар музокироти Вена аст, ки асри шанбе аз ирояи як бастаи ниҳоии Эрон ба хабарнигорон хабар дод, аммо ба ҷузъиёти ин баста ё пешниҳод ишорае накард .
Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо аз 27 декабри гузашта дар Вена оғоз шуд ва пас аз як вақфаи кӯтоҳ барои машварати ҳайатҳо дар пойтахтҳои худ дубора аз ҳаштуми феврали 2022 дар Вена аз сар гирифта шудааст .