Гуфтугӯи телефонии Шамхонӣ бо музокиракунандаи аршади Эрон дар Вена
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i81256-Гуфтугӯи_телефонии_Шамхонӣ_бо_музокиракунандаи_аршади_Эрон_дар_Вена
Дабири Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон аз тамоси телефонии худ бо музокиракунандаи аршади Эрон дар Вена хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 14, 2022 15:37 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Шамхонӣ бо музокиракунандаи аршади Эрон дар Вена

Дабири Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон аз тамоси телефонии худ бо музокиракунандаи аршади Эрон дар Вена хабар дод.

Шамхонӣ дар Твиттер бо ишора ба гуфтугӯи телефонии худ бо Алии Боқирӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бар сахтии кори музокиракунандагони Эрон ва низ идомаи “намоиш”-и ибтикори амал аз сӯи тарафҳои ғарбӣ барои фирор аз тааҳҳудот дар музокирот таъкид кард.

Дабири Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Твиттер навишт: “Гуфтугӯи телефонии имшаб бо доктор Боқирӣ ду гузораро дар бораи музокироти Вена дар зеҳни ман қатъӣ кард:

  • 1 . Афзоиши лаҳза ба лаҳзаи сахтии кори музокиракунандагони Эрон барои пешбурди дастуруламали мантиқӣ ва қонунии Теҳрон.
  • 2 . Идомаи “намоиш”-и ибтикори амал аз сӯи тарафҳои ғарбӣ барои фирор аз тааҳҳудот”.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон чанде пеш низ сӯд бурдани иқтисодии воқеӣ ва муассири Эронро шарти лозими шаклгирии тавофуқ унвон кард ва гуфт, намоиши рафъи таҳрим иқдоме созанда талаққӣ намешавад.