Тавлиди бастаи нармафзории китҳои ташхис ва истихроҷи 3 бемории вирусӣ дар Эрон
Феврал 14, 2022 17:07 Asia/Dushanbe
Гуруҳе аз муҳақиқони яке аз ширкатҳои донишбунёни эронӣ, бастаҳои нармафзории китҳои шиносоӣ ва истихроҷи 3 бемории сироятиро тавлид карданд.
Доктор Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, мудири ин ширкати донишбунён бо баёни ин ки ин ширкат аввалин тавлидкунандаи пакейҷи китҳои ташхиси бемориҳои уфунӣ аст, гуфт: Илова бар ташхиси бемориҳо, ба абзорҳое ниёз аст, ки ба пизишкон кумак кунад то масири дармониро ба иштибоҳ нараванд.
- Маҳмудӣ афзуд: Барои ин манзур бояд панелҳое тарроҳӣ шавад, ки қодир бошад ба таври ҳамзамон анвои потуженҳо, иборат аз бактерия, вирус ва микробҳоеро шиносоӣ кунад ва бар асоси натоиҷи он пизишк дармонро зудтар оғоз кунад.
- Ӯ гуфт, иқдом ба тавлиди пакейҷи китҳои бермориҳои уфунӣ кардем, ки ин пакеҷ, шомили китҳое барои бермориҳои HPV ё вируси попилумоии инсонӣ (омили ошкор шудани саратони Сервикс ва зигилҳои таносулӣ) HIV (вируси омили Эйдз) ва HBV (вируси ҳепотити B) мешавад.
Маҳмудӣ бо баёни ин ки фази таҳқиқот ва тавсеаи тавлиди ин китҳо ба поён расидааст, гуфт: Тавлиди ин пакейҷҳо дар марҳалаи таъйид ва озмоишҳои таъйидияи сифатӣ қарор дорад.
Барчасп