Феврал 14, 2022 21:01 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Теҳрон мусамам ба иртиқои равобит бо кишварҳои дуст ва мустақил аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон ва Ирланд аз зарфиятҳои густардае барои таҳким ва афзоиши сатҳи равобит дар ҳавзаҳои мухталифи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бархурдор ҳастанд, ки истифода аз ин зарфиятҳо ба нафъи тавсеа ва ободонии ду кишвар аст.

Ба гузориши итилоърасонии раёсати ҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар дидори Соймун Ковунӣ, вазири умури хориҷаи Ирланд дар Теҳрон, равобити ду кишварро созанда ва мусбат арзёби кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба зарфиятҳои ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, илму фановарӣ, саноат ва кишварзи гуфт: Ҳаҷми равоибит ва табодулоти тиҷоратии ду кишвар метавонад бисёр бештар аз сатҳи кунунӣ бошад. 

Раисӣ бо ёдовардии руйкарди Ирланд дар  муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон гуфт: Теҳрон аз истиқлол Ирланд дар муқобилаи зиёдихоҳии Амрико ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ истиқбол мекунад.

Раиси Ҷумҳруии Исломии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки авлавият ва меҳвари аслии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар давраи ҷадид ҳифзи манофеъи милатҳо ва эҳироми мутақобил аст афзуд: Он чи дар музокироти ҷории Вена бар он таъкид дорад лағви ҳамаи таҳримҳо ва эҳтиром ба ҳуқуқи миллати Эрон аст.

Соймуни Ковунӣ вазири хориҷаи Ирланд низ бо баёни ин ки дилсард ва ноумедии мардуми Эрон аз эътимод ба музокироти ҳастаи ба хотири бадаҳдии Амрико қобили дарк аст: Ирланд муътақид аст, ки бояд дар ҷараёни музокироти ҷорӣ замонатҳои лозим ба Эрон дода то тавофуқи дубора барқарор шавад.

Вазири умури хориҷаи Ирланд бо таъкид бар ин ки ин кишвар барои тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон арзиши вижае қоил аст, тавсеа ва иртиқои сатҳи равобити ҳамаҷонибаи Дублин-Теҳронро хостор шуд. Дар ибтидои ин дидор хонуми Суниё Макгинс сафири ҷадиди Ҷумҳурии Ирланд устуворномаи худро ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тақдим кард.

 

Барчасп